Помидор ё томат (лот. Solánum lycopérsicum) — гиёҳе яксола ё чандсола, гунае аз бодинҷон (лот. Solanum) аз тираи бодинҷониён (лот. Solanaceae) аст, ки баргҳои бисёр бурида, баргакҳои бисёр, гулҳои якто-якто ва мевае кулӯла, сурхранг, гӯштдор, обдор ва хушбӯй дорад.
Форсизабонҳо ин тараборро «помидор» (вомвожа аз итол. «pomo d'oro» ‘себи заррин’), «томат» (вомвожа аз фр. «tomate» аз «tomatl» дар забони наҳуатлӣ), «гӯҷафарангӣ» (форсӣ: گوجهفرنگی) ва «бодинҷони румӣ» (дарӣ: بادنجان رومی) меноманд.
Дар Тоҷикистон бештар навҳои «Первенец 190», «Тӯҳфа», «Саҳари», «Шарқи 36», «Сурхи Файзободӣ», «Дварфстон» ва ғайраҳо.