Мулкакгул, мулкаки бӯё (лот. Láthyrus odorátus) — гиёҳи яксолаест аз оилаи лубиёиҳо.
Баландиаш аз 25 сантиметр то 2 метр; пояаш сершохча, баргаш мураккаб (аз 1 ҷуфт баргча иборат), гулаш калон (дарозиаш 2—3 сантиметр), гуногунранг (аз сафед то бунафш) ва ниҳоят хушбӯй, ғилофакаш 4—6 тухма, тухмаш калони бӯри сиёҳтоб.
Моҳҳои июн—август гул ва июл—сентябр мева мекунад.
Мулкакгули худрӯй дар кишварҳои баҳри миёназамин мерӯяд. Дар ноҳияҳои минтақаи мӯътадил мекоранд. Мулкакгулро дар Тоҷикистон ҳамчун гул асосан дар районҳои шимолӣ ва марказӣ парвариш мекунанд.