Занҷабили обӣ (лот. Polygonum hydropiper ), (русӣ: Перец водяной ) — растании доруворӣ. Дар илми тиб истифода бурда мешавад.
Занҷабили обӣ — растании яксола буда, баландиаш 20-70 см бо таъми тезӣ мебошад. Пояаш — ростистодаи сабз буда, дар тирамоҳ сурх мешавад. Баргҳояш — ҷойгиршавиашон пайдарҳам, дарозрўяи борик, дарозиашон 3-10 см ва пањниаш 0,4-1,7 см мешавад. Гулҳояш — майдаи нишаста буда, дар нўгҳои навда ҷорўбакҳои гандумшаклро ташкил медиҳанд, ки дарозиашон 1-12 см буда, рангашон сафед ва ё сафеди сурхчатоб мебошанд. Меваҳояш — донакҳои сиёҳи тухмшакли рангашон малла ё ҷигарии торик бо дарозии 2-3,5 мм мебошад. Вазни 1000 дона тухмӣ 1,5-3,02г. мебошад.
Занҷабили обӣ дар бехи ҷўйборҳо мерўяд. Гулкуниаш аз моҳи июн то сентябр мегузарад.
Занҷабили обӣ аз даври ќадим ҳамчун доруворӣ маълум мебошад. Дар Рум ва Юнони қадим занҷабили обиро ҳамчун дорувории захмтозакун ва варамро нест мекардагӣ истифода мебурданд. Инчунин занҷабили обиро ҳамчун хунманъкун ва зидди дарунронӣ истифода мебурданд. Дар тибби халқи тоҷик занҷабили обиро зидди касалии бавосир (геморой) истифода мебаранд. Қиммаи нав кардаи аз баргҳои занҷабили обиро ба захмҳо мемоланд. Дар тибби илмӣ алафи занҷабили обиро дар намуди ширеши обӣ (водный настой) (20: 200) бо 1 ќошуќи ошӣ 3 бор дар як рўз ҳамчун хунманъкун дар ваќти хунравии бачадон истифода мебаранд. Занҷабили обӣ ба таркиби шамҳои зидди геморой «анастезол» ва «анузол» дохил мебошад. Қисмҳои болоии занҷабили обӣ дар таркиби худ чунин моддаҳоро доранд:
ҳастанд:
Занҷабили обӣ (лот. Polygonum hydropiper ), (русӣ: Перец водяной ) — растании доруворӣ. Дар илми тиб истифода бурда мешавад.