dcsimg

Мунҷ ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Мунҷ, ё Мунч (лот. Vicia sativa) — гиёҳи як ё дусолаест аз оилаи лӯбиёиҳо.

Тавсифоти гиёҳшиносӣ

Illustration Vicia sativa0.jpg
Мунҷ. Тасвири гиёҳшиносӣ аз китоби О. В. Томе «Flora von Deutschland, Österreich und der Schweiz», 1885

Баландиаш 20—100 сантиметр; пояи асо­сан рости сершохча, барги мураккаб (дарозиаш 4—10 сантиметр), ки аз 3—8 ҷуфт баргча иборат аст, гули гу ногунранг, ғилофаки 4—12-тухма, тухми гуногунранг (ашҳабия сабзча, дорчинӣ, сиёҳтоб ва ғайра) дорад.

Моҳхои апрел—июн гулу мева мекунад.

Густариш

Мунҷ дар Аврупо, кишварҳои баҳри Миёназамин, Осиёи Хурд ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ (Қисми Аврупоӣ, Кавказ, Сибири Ғарбӣ ва Шарқӣ, Шарқи Дур, Осиёи Миёна) паҳн шудааст. Мунҷи худрӯй дар Тоҷикистон асосан дар алафзори нимсаванн ва ҷангали гармсер (шиблак), инчунин ҳамчун алафи бегона дар киштзори гандум, ҷав, ҷавдар, наск (500—1800 метр аз соҳили баҳр мерӯяд. Асо­сан дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Дарвоз, ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ, Шарқӣ ва Помири Ғарбӣ паҳн шу­дааст.

Корбурд

Мунҷ хӯроки хуби чорвост. Онро дар хоки сернам мекоранд. Одатан, бо растаниҳои дигар омехта кишт мекунанд. Махсусан бо хӯшадорҳо хушхӯр мешавад. Хошоки мунҷ серғизо аст. Мунҷ дар давраи гулшукуфт 1,4% қанди ҳалшаванда, 26,6% протеин, 22,2% сафеда, 5,3% равған ва ғайра дорад. 100 килограмм алафи хушки мунҷ 20,1 килограмм протеини ҳозим дошта, 80,6 воҳиди хӯрокӣ аст. Аз ҷиҳати серғизоӣ ба себаргаи сурх наздик аст.

Эзоҳ

  1. Об условности указания класса двудольных в качестве вышестоящего таксона для описываемой в данной статье группы растений см. раздел «Системы APG» статьи «Двудольные».

Адабиёт

  • Қосимов Ҷ. Қ. ва дигар, Зироатҳои Тоҷикистон. Душанбе, 1975;
  • Флора Таджикской Советской Социалистической Республики, том 5, Ленинград, 1978.

Сарчашма

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Мунҷ: Brief Summary ( Tajik )

provided by wikipedia emerging languages

Мунҷ, ё Мунч (лот. Vicia sativa) — гиёҳи як ё дусолаест аз оилаи лӯбиёиҳо.

license
cc-by-sa-3.0
copyright
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia