Сафедор (лот. Pópulus) — ҷинси дарахтест аз оилаи бедиҳо.
Баргаш дандонадор ё бедандонаи гуногуншакл (дилшакл, байзашакл, гурдашакл, паррашакл ва ғайра); гулаш майдаи якҷинса (баъзан дуҷинса), хӯшагулаш гӯшворак, пеш аз баргбарорӣ мешукуфад, шамол гардолуд мекунад. Ғӯзааш 2-4 паллаи сертухм, тухмаш майда (дарозиаш 1-3 мм), дар нӯгаш пати пахтамонанд дорад. Дар дунё 45-50 намуди сафедор мерӯяд. Бештар дар дарёбоди туғайзор ва бешаи кӯҳсор месабзад. Чӯбашро дар сохтмон истифода мебаранд.