dcsimg

Ирғай ( Tajique )

fornecido por wikipedia emerging languages

Ирғай (Cotoneaster), ҷинси бутта ва дарахт аз настараниҳо. Баландиаш дар шароити Тоҷикистон аз 20 см то 3 м; барги кӯтоҳдумчаи соддаи байзашакли эллипсӣ, гули майдаи сафед ё гулобӣ, меваи сурхи арғувонӣ ё сиёҳ дорад. Қариб 100 намуди Ирғай дар Аврупо, кӯҳсори ноҳияҳои Баҳри Миёназамин, Осиёи Пеш, Миёна ва Марказӣ, Чин, Ҳимолой ва Шарқи Дур паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон 15 намуди худрӯи Ирғай Cotoneaster zeravschanicus, Cotoneaster hissaricus, Cotoneaster suavis маълум буда, асосан дар нишебиҳои сангу регзор, шахсор, буттаву арчазор, шибляку фаркзор ва мавзеъҳои баландкӯҳ ва ғайраҳо мерӯяд. Ирғай хусусияти хуби ороишӣ дорад.

licença
cc-by-sa-3.0
direitos autorais
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia
original
visite a fonte
site do parceiro
wikipedia emerging languages