Гамбусаки туронӣ (лот. Epicometis turanica) — як навъи гамбусак; мансуби гулхӯракҳост.
Ба ғайр аз биёбони регзор ва минтақаҳои баландкӯҳ дар тамоми ҳудуди Осиёи Марказӣ паҳн шудааст. Дар Тоҷикистон дар баландиҳои 400–2000 м аз с. б. вомехӯрад. Дар водии Ҳисор он аввали моҳи март пайдо мешавад. Дар мавзеи Кондараи ноҳияи Варзоб парвози гамбусакҳо ба охири март – аввали апрел рост меояд. Гамбусаки туронӣ баланд парвоз карда наметавонад, аз ин рӯ бештар ба гули дарахтони реза, инчунин гули садбарг, хуч, ток, ҷуворӣ, нахӯд, юнучқа, себ, нок, биҳӣ, бодом, зардолу, олу, дӯлона ва ғ. зарар мерасонад; гарддон ва гардбаргаи гулро маҳв сохта, гулбаргҳоро бо пойҳои худ нобуд мекунад. Гулҳои осебдида ғӯра намебанданд. Гамбусаки туронӣ махсусан дар рӯзҳои гарм фаъол мешавад. Гамбусакҳо пагоҳии рӯз, инчунин дар ҳавои абр ва боронӣ дар гул беҳаракат менишинанд ё дар зери хасу хошок пинҳон мешаванд. Гамбусакҳои болиғ баъди зимистонро гузаронидан дар хок тухм мегузоранд. Кирминаҳо (дарозиашон 14–38 мм) дар замин зиндагӣ карда, пӯсидахок ва решаи гиёҳҳоро мехӯранд. Онҳо тирамоҳ ба зоча табдил ёфта, октябр гамбусаки болиғ мешаванд ва то баҳори оянда дар хок мемонанд.

Tropinota turanica là một loài côn trùng trong họ Scarabaeidae. Loài này được Reitter miêu tả khoa học đầu tiên năm 1888.[1]
Đây là loài gây hại phát triển phổ biến ở Uzbekistan.
Tropinota turanica là một loài côn trùng trong họ Scarabaeidae. Loài này được Reitter miêu tả khoa học đầu tiên năm 1888.