dcsimg
Nom non-résolu

Agnatha

Беҷоғҳо ( tadjik )

fourni par wikipedia emerging languages

Беҷоғҳо (лот. Agnatha) — яке аз забарсинфҳои ҷонварони муҳрадори дараҷаи паст.

Беҷоғҳо ҷоғи ҳақиқӣ надоранд ва биниашон яксӯроха аст. Беҷоғҳоро халтағалсамаҳо (Marsipobranchii) низ меноманд, зеро ғалсамаи онҳо ба халта шабоҳат дорад. Устухонбандии панҷарашакли ғалсама (на камоншакл, мисли моҳиҳо) берун аз халта ҷойгир буда, бо сипар васл мешавад. Беҷоғҳо ҷонварони муҳрадори қадимтарин буда, дар давраҳои силур ва девон сукунат доштанд. Скелети беҷоғҳои мунқариз (Ostracodermi) хуб инкишоф ёфта буд. Имрӯз аз беҷоғҳо фақат миногаҳо ва миксинаҳо боқӣ мондаанд.

Эзоҳ

Адабиёт

licence
cc-by-sa-3.0
droit d’auteur
Муаллифон ва муҳаррирони Wikipedia

Беҷоғҳо: Brief Summary ( tadjik )