Гамбусаки нахӯд (лот. Bruchus pisorum), нахӯдхӯрак — ҳашараи зараррасон аз оилаи донхӯракҳо.
Дарозиаш 6 мм, танаш байзашакл, рангаш сиёҳи ҷилодор. Болаш рахҳои каҷи сафедча, синааш доғи сафеди секунҷа, зери шикамаш нақши салибмонанд дорад. Бехи мӯйлабҳо, банди аввали пойҳои пеш, панҷа ва буғуми пойҳои миёнааш зарди сурхтоб аст. Тухмаш зарди каҳраборанг, дар рӯйи дон хуб менамояд. Дарозии кирминааш 5-6 мм; рангаш зардтоб. Нахӯдхӯрак дар Тоҷикистон бисёр аст. Фақат ба нахӯд осеб мерасонад.
Соле як бор афзоиш карда, ҳангоми гулшукуфти нахӯд гарду гулбарги онро мехӯрад. Нахӯдхӯрак ба ғилофаки хоми нахӯд то 35 тухм мемонад. Давраи тухмгузорӣ, одатан, то 15 рӯз давом мекунад. Умуман, гамбусакҳои модина дар тӯли ҳаёташон 170—200 тухм мегузоранд. Кирминаҳои нахӯдхӯрак пӯсти ғилофакро сӯрох карда, мағзи донро мехӯранд. Дар даруни дон чанд кирмина ҷой мегирад, вале фақат яктои онҳо инкишоф меёбад. Рушди баъдии кирминаҳо дар дохили дони нахӯд мегузарад (тақр. 35-40 рӯз). Миёнаҳои август зоча ба гамбусак табдил ёфта, зимистонро андаруни дон мегузаронад. Нахӯди зарардида барои истеъмол ва кишт кор намеояд.